БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН БОЯД АЗ ҲАМА ҚИШРҲОИ ҶОМЕА БЕШТАР ФАЪОЛ БОШАНД!

БОХТАР. Дар доираи баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ҷавонон такя мекунанд ва ба онҳо боварӣ дошта,   ояндаи миллат номидаанд.  Бо ин мақсад дар ташкилоти ибтидоии “Соҳибватан” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

 Дар вохӯрӣ намояндагони Кумитаи иҷрои ҲХДТ дар шаҳри Бохтар доир ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  суханронии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси ҷамъбастии КИМ ҲХДТ, мавқеъи ҷавонон дар ҷомеа, ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, омӯзиши касбу ҳунар, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, пос доштани фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ ибрози андеша намуданд.

Инчунин, масъулин дар идомаи  суҳбат вобаста ба  фаъолияти  ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар андешаронӣ карда, қайд намуданд, ки ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои  Истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзида, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя кунанд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg