БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ЯКЕ АЗ САРЧАШМАҲОИ ТАҲДИД БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ВА БЕХАТАРИИ ДАВЛАТҲО БА ҲИСОБ МЕРАВАД

ВАХШ. Дар доираи  Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии «Ҳаёти нав»-и Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо сокинон дар мавзӯъи «Фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти мубориза бо нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ҳамчун зуҳуроти хатарзо ба амнияти миллӣ ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон» вохўрии таъсирбахш доир намуд.

Дар суҳбат раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Одилҷон Маҳмадов қайд кард, ки муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар баробари терроризм ва экстремизм яке аз сарчашмаҳои таҳдид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бехатарии давлатҳо ба ҳисоб меравад. Миллионҳо нафар бо сабаби истеъмол намудани маводи нашъаовар азият мекашанд ва ҳазорҳо ҷавон ҷони худро бохтаанд.

Инчунин, мавсуф дар идома  иброз дошт, ки барои бештар сохтани таъсири муқовимат бо ин вабои аср моро зарур аст нахустомилҳои онро мушаххас созем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg