ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.
Дар доираи иқдоми навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии “Тоҷмаҳал”-и ҷамоати деҳоти Лоҳур оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомади ҳизбӣ Каримов Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ оид ба нуқтаҳои муҳими Паёми навбатӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” андешаронӣ намуд.
Инчунин мавсуф зимни суҳбат афзуд, ки бо қабул гардидани қонуни мазкур пеши роҳи як қатор исрофкориву зиёдаравӣ гирифта шуда, сокинон моҳияти онро хуб дарк намуда, бештар ба корҳои ободониву созандагӣ рӯ овардаанд.
Дар охир чанде аз сокинон дар бораи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки ба манфиати шаҳрвандон равона карда шудааст, фикру андешаҳои хешро баён дошта, суханрониҳои судмандро дастгирӣ намуданд.