ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Ба мақсади пешгирӣ ва фаҳмонмдани омилҳои мусоиданкунадаи терроризм ва экстремизм дар маҳаллаи «Намуна»-и ноҳияи Панҷ мулоқот роҳандозӣ гардид.
Баромадкунандагон зимни суханронӣ қайд намуданд, ки ба ин омилҳо осебпазир будани афкори ҷомеа ва масъалаҳои иҷтимоӣ дохил мешаванд. Яъне, надоштани дониши кофии илмӣ ва динӣ боис мегардад, ки ҷавонон ба осонӣ ба доми ифротиён дода мешаванд. Дигар ин ки мушкилиҳои зиндагиро бо дарёфти маблағи бемеҳнат мебинанд.
Дар охир, ҷиҳати роҳандозии Аксияи тарғиботӣ амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинони маҳал кўчаи марказии деҳаашонро чароғон намуданд.