Н.ХУСРАВ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Хониши сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии «Наврӯз» дар мавзӯи «Беҳтар намудани инфрасохтори деҳот вазифаи асоси ҷамоатҳои деҳот мебошад» баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ, беҳтар намудани инфрасохтори деҳот пеш аз ҳама соҳаҳи маорифу тандурустӣ , таъсиси нави ҷойҳои корӣ, таъмини аҳолӣ д бо оби ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум суханронӣ карданд.
Инчунин, қайд гардид, ки Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ба хотири сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ то соли 2021 идома додани корҳои ободонию созандагиро дар деҳаю маҳал ба таври васеъ ба роҳ монда шавад.
Баъдан дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” як синфхонаи иловагии навсохтаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23 бо мизу курсӣ таъмин карда шуд.