А.ҶОМӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар деҳаи Пахтакор 2-и Ҷамоати деҳоти 50-солагии Тоҷикистон то имруз хизматрасониии тиббӣ ба талабот ҷавобгӯ набуда, бунгоҳи тиббӣ дар як вагони фарсуда фаъолият мекард.
Бо иқдоми неки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар доираи баргузории Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ташкилоти ибтидоии «Пахтакор-2» сохтмони Бунгоҳи тиббии замонавӣ ба анҷом расонида шуда, то ҷашни Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ташкилоти ибтидоии номбурда хониши сиёсӣоид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир гардида, ҳадафҳои созандаи ҳизб баррасӣ карда шуданд.