БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ҲАҚҚИ БЕРАҲМОНЕ, КИ ДАР ҶОНИ ХУД РАҲМ НАДОРАНД, РАҲМ НАБОЯД КАРД!

ВОКУНИШ.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ дурахшонтарин  шахсиятест, ки рисолати муқаддаси ватандӯстиро дар фитраташ  ҷой дода,  пайваста афзуда истодааст. Нахустин тоҷике аст, ки дар маснади олии роҳбарӣ кишвари моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуд ин ҷаҳони навинро барои мо тоҷикон  эҷод кард. Ҷон ба каф ниҳода, мардуми тоҷикро сарҷамъ намуд. Дар сиёсат ба демократикунонӣ пешниҳодҳои муфид дод. Ба халқаш озодӣ туҳфа карда,   Тоҷикистони соҳибистиқлолро  сохта ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Борҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доранд, ки  зиёдаравӣ  накунед, Ватанро чун гавҳараки чашм нигоҳ доред. Зеро  ки ин меҳани зебо  бо заҳматҳои зиёди фарзандону мардони фарзонаи тоҷик,  бо ҷонфидоиҳои  ҷавонмардони баору номус бунёд ёфтааст.  Ватан ва худро дар хатар нагузоред.

Вале имрӯз боиси таасуф аст, ки боз зиёдаравӣ дар баъзе шахсон  мушоҳида гардида, ҷони худ ва бародаронашонро ҳеҷ медонанд. Ёдрас мешавем аз ҳодисае, ки дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат рух дод. Ҳатто дар маҳбас, ки  бо гуноҳи  кардаашон маҳбусӣ шудаанд, боз террори дигареро  ташкил намуданд.

Мегӯянд, ки «мӯъмин бародари мӯъмин»- пас чаро дар моҳи мубораки Рамазон одамро ба қатл мерасонанд? Ин ашхос фаромӯш кардаанд, ки сиёсати давлат, таъмини амнияти давлатдорӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои  инсон  ва  шаҳрванд, таъмини амнияти ҷамъиятӣ, демократикунонии ҷомеа хулоса барномаи давлатдорӣ мустаҳкам ва дуруст ба роҳ монда шудааст.

Ғамхории давлат ва Сарвари ғамхори халқро бубинед, ки  ҳар сол 9-сентябр Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармони авфи маҳбусонро  бароварда, онҳоро аз маҳбас озод менамояд. Пас бо ин қадар ғамхорӣ, ки  ҷавобаш бераҳмист, дар ҳаққи чунин бераҳмоне, ки дар ҷони худ раҳм намекунанд, раҳм набояд кард.

Ойҷонбӣ Азизова, узви ҲХДТ аз  ноҳияи Муъминобод

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg