ВОКУНИШ. Терроризму экстремизм оқибати ногувори ақибмонии сиёсию иқтисодӣ буда, хавфи бузург ба ҷомеъаи ҷаҳон дорад. Пӯшида нест, ки ташкилоту гуруҳҳои хусусияти террористию экстремистидошта ҷавонону наврасонро ба доми фиреби худ медароранд ва аз чунин ҷавонон барои пиёда сохтани ҳадафҳои ғаразноки худ истифода менамоянд.
Омилҳои зиёде ҳастанд, ки ҷавононро фарогири ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо месозанд. Аз ҷумлаи чунин омилҳо шабакаҳои ҷаҳонии интернет, шабакаи иҷтимоии ба он монанди «Одноклассник» ва «Фейсбук», “Вайбер”, “Ваатсап”, “Телеграм” ва ғайраҳо мебошанд, ки нақши калидиро дар паҳн намудани наворҳои хусусияти террористӣ - экстремистӣ ва хусусияти ифротгароии динидошта мебозанд.
Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои соҳибтамаддун ҳеҷ кадом аз аъмоли террористӣ қобили пазириш нест, чунки натиҷаи он ҳалокати мардуми бегуноҳ аст. Ташкилоти террористӣ-экстримистии дар Тоҷикистон мамнуъи «Давлати исломӣ», ки қатлу куштор, ваҳшоният, вайронкорӣ, ғасби давлатҳои алоҳидаро ҷиҳод номида, ҳадафи асосии худ қарор додааст, дар асл чунин амалҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ҷиҳод нест. Магар қатлу куштори инсон ва бе сарпаноҳ кардани занону кӯдакон ҷиҳод аст? Маънои калимаи ҷиҳод – ҷиду ҷаҳд дар кори хайр ва амали хайр аст. Бузургатрин ҷиҳод – ин ҳимояи марзу буми Ватан аст, бузургтарин ҷиҳод барои миллат дасти кӯмак ва саховатмандӣ дароз кардан аст, бузургтарин ҷиҳод ин хидмати падару модари хеш аст, бузургтарин ҷиҳод ҷавонони ба доми ин гуна гурӯҳҳо афтидаро наҷот додан аст, бузргтарин ҷиҳод таъмини оила аст.
Чуноне, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ қайд мекунанд; «Террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад». Ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд. Пас моро мебояд, дастаҷамъона бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза барем ва сулҳу оромиро барқарор нигоҳ дорем ва Ватани маҳбубу зебои худро боз ҳам зеботару шукуфонтар бикунем.
Раҳимова Маъмурбӣ, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор