БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ ДАР ПЕШГИРИИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕЪА МАСЪУЛАНД

АНДЕША.Тӯли чанд сол мешавад, ки бо баракати Истиқлолият, озодии миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  кишвари  азизи мо воқеан ҳам эҳёи тоза гирифт. Дар муддати 28 соли Истиқлолияти давлатӣ Сарвари давлатамон ҳадафщои бузург доштанд, ки ин ҳам бошад баланд бардоштани некӯаҳволии мардум, фарҳангу маърифати миллӣ, худшиносию худгоҳии миллӣ, ифтихори миллӣ, эҳёи суннатҳо, анъанаҳои неки ниёгон аст, ки хушбахтона бо назари хирадмандонаю  воқеъбинона ба ин ҳама мақсадҳои хеш ноил шуданд.

Акнун  моро мебояд, ки ба ҳамаи ин шукрона намуда, барои  пешрафти ободии Ватанамон софдилонаву содиқона  хизмат кунем. Вале боиси таассуф аст, ки имрӯзҳо дар баъзе кишварҳои ҷаҳон ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ доман паҳн карда, бо ҳар роҳу восита фазои тинҷу осударо  ноором месозанд.  Аз ин рӯ моро месазад муборизаро алайҳи  ҳизбу  ҳаракатҳои  ифротии “Ҳизби наҳзати исломӣ”, “Ҳизб-ут- Таҳрир”, “Салафия”,  “Давлати исломии Ироқу Шом” ва амалҳои коррупсиониву зуҳуроти номатлуби ҷомеа пурзӯр намуда,  нагузорем, ки  ақидаҳои онҳо ё ин ки тарафдоронашон  дар ҳудуди кишварамон пайдо гарданд ва фазои тинҷу ороми моро бо ҳадафу мақсадҳои  нопокашон  ноором созанд.

Барои ба танзим даровардани вазъи ҷиноии нашъамандӣ, дуздӣ, авбошӣ,  терроризм ва экстремизм, одамрабоӣ паҳншавии ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ,  пешгирии ҳодисаҳои худкушию худсӯзӣ ва ҷинояткорӣ  дар  байни  ҷавонону ноболиғон мо вакилони мардумиро зарур аст, дар якҷоягӣ бо мақомотҳои дахлдор кор бурда, садди роҳи ин падидаҳои номатлубро бигирем ва дар баланд бардоштани  маърифату масъулияти шаҳрвандон  саҳм гузорем. 

Норбекова Ойсифат, узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg