БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИЛҲОМ АЗ САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯИ ДАНҒАРА

АНДЕША. Мулоқоти Пешвои  миллат  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-  Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон   бо  сокинони  деҳаи  Пушинги  ноҳияи  Данғара  хотирмону  таъсирбахш  буд, зеро  кушодани  варзишгоҳ, таввалудхонаи  муосир, муассисаи  таълимӣ ва бунёди  роҳи автомобилгард  барои  як  деҳа  туҳфаи  арзандае  мебошад, ки мардуми  ҳунарманду  меҳнатдӯсти деҳаи  Пушинги  ноҳияи Данғара  соҳиб  гардиданд. Дар  ҳақиқат  сокинони  деҳаи  Пушинг саховатманду  ватандӯст, меҳнаткаш  ва  дорои  ҳунарҳои  мардумӣ  мебошанд.

Варзишгоҳ,  ки дар  ҳудуди  боғи   Парчам  ва  Нишон  ҷойгир  аст дорои  2500 ҷойи нишаст  мебошад. Акнун  сокинони  деҳаи  Пушинг  имконият  доранд, ки  дар  ин  майдон  бозиҳои  гуногун,  барномаҳои  бошукуҳи  идона  доир  намоянд. Барои  истифодаи  пурсамараи  ҳар  як ваҷаб  замини  боғи Парчам ва Нишони  давлатӣ  дар  зери   нишастгоҳи  варзишгоҳ  18 дӯкони   ҳунармандон дар  растаи  ҳунарҳои  мардумӣ  сохта мавриди баҳрабардорӣ  қарор дода  шуд.  Ҳамаи дӯконҳо ба  ҳунармандони  деҳаи  Пушинг  ройгон  пешкаш   карда  шудааст,  то  ин  ки  устоҳои  чӯбу  оҳан, дӯзандаҳои  моҳир  дар  «Солҳои  рушди  деҳот, сайёҳӣ ва  ҳунарҳои  мардумӣ»   аз  он  ба  таврӣ  васеъ  истифода  бурда,  сатҳи   зиндагии  худро   беҳтар  намоянд.  

Дар  «Солҳои  рушди  деҳот, сайёҳӣ ва  ҳунарҳои  мардумӣ» аҳли  ҳунар  аз  имтёзҳои  Сарвари  давлат,  ба  монанди аз андоз   озод шудан  бархурдоранд.  Ройгон  пешкаш  кардани    дӯконҳо  ба  ҳунармандони  деҳа аз ғамхории Ҳукумати  мамлакат  нисбат  ба  сокинони  деҳоти  Пушинг  шаҳодат медиҳад.

Аз ин  сафари хотирмони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  на  танҳо  мардуми  деҳоти Пушинг, балки тамоми  сарзамини  кишварамон  шод ва  изҳори сипос мекунанд, зеро  ободии як деҳа ободии Ватани  азизамон  мебошад.

Ҳикматова Хайринисо, мутахассиси шуъбаи таблиғот,  иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ  дар ноҳияи Шаҳритуз                                           

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg