КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ дар байни ҷавонон – аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” бахшида ба сазовор истиқбол намудани 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дигар санаҳои муҳимми таърихӣ мусобиқаи “Футбол” барои дарёфти ҷоми КИ ҲХДТ дар дар шаҳри Кӯлоб ва Федератсияи футболи шаҳри Кӯлоб эълон гардида, имрӯзҳо бо маром идома дорад.
Дар ин замина, дар варзишгоҳи марказии шаҳр байни маҳаллаҳои “Ҷ. Расулов” ва “ У. Хайём” бозии футбол баргузор карда шуд. Дар ин бози кормандони масъули ҳизб иштирок намуда, ба ишораи солимии ҷомеа аз варзиш вобаста аст баёни андеша карданд.
Ёдовар мешавем, ки бозӣ бо ҳисоби 2 бар 1 ба нафъи даста аз маҳаллаи Ҷ. Расулов ба анҷом расид.