БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР РАВАНДИ СОЗАНДАГИИ ВАТАН ҲАР ЯК ШАҲРВАНДИ БОНАНГУ НОМУС БОЯД САҲМГУЗОР БОШАД

Н.ХУСРАВ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Масъулини Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи Носири Хусрав бо  мақсади  ба  роҳ  мондани  корҳои  ободонию  созандагӣ  ҷиҳати   рушди  инфрасохтори  деҳот ва ҳалли  мушкилоти мардум дар  маҳаллаи  Рӯзиободи  Ҷамоати  деҳоти  Фирӯзаи  ноҳияи  Носири  Хусрав  бо сокинон суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.

Масъулини  ҳизбӣ ҷиҳати тадбиқи ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки  бо  хотири  боз  ҳам  обод кардани Тоҷикистон ва  ҳалли  масъалаҳои  иҷтимоию иқтисодии  аҳолӣ,  махсусан  деҳот равона гардидааст сухан карда, қайд  намуданд, ки ҳар  як  амали  неке, ки  мо  мекунем  барои  худамон  барои  фарзандонамон барои  ояндаи  хушбахти онҳо мекунем. Имрӯз  агар  мо  як  амали  некеро  дар  маҳалли  зист анҷом  диҳем дар  маҷмӯъ барои Ватанамон мекунем, чунки маҳаллаи мо  низ  як  гӯшаи  Тоҷикистони  азизамон  мебошад.

Сокинони  маҳалла  дар татбиқи  амалии  Аксияи  ҳизбии  «Якҷоя  ҳал  мекунем!» роҳҳои  байни  кӯчаҳои  маҳалларо  сангфарш  намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg