НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади шустариш бахшидан иртибот бо ҷомеа дар ташкилоти ибтидоии “Гирдоб” доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Муслима Ғуриева мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар мулоқот қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар гардидани вазъ дар самтҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намуда, ислоҳот ва навсозиро босуръат пеш бурда истодааст. Солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки ҳисси баланд бардоштани фарҳанги миллист дар назди мо вазифаҳои навро мегузорад.
Баъдан Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳандозӣ гардида, сокинон хонаҳои истиқоматии худро ба таври наву замонавӣ таъмиру рангубор карданд.