БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАШНИ 30 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИРО БО ДАСТОВАРДҲОИ АРЗАНДА ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ!

ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳандозии корҳои созандагию бунёдкорӣ чанде қабл бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон  дар ташкилоти ибтидоии ҶДММ «Мурғи беҳамто» бо иштироки аҳли заҳмати корхона  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин  атрофи моҳияти ба Ватан баргардонидани 84 нафар фарзандони тоҷик аз давлати Ироқ, пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, эҳтироми либоси миллӣ, истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ амалӣ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  андешаронӣ намуданд.

Инчунин, дар охир  давъат ба амал оварда шуд, ки  барои дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои арзанда  истиқбол гирифтани ҷашнҳои дарпешистода  ба корҳои бунёдкорӣ  саҳм гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg