БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАҲРИ ОБОДИИ ВАТАН ТАЛОШ МЕВАРЗЕМ!

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар баробари эълон гардидани «Сесолаи соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва соли «Баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ» эълон шудани соли 2019 дар ташкилотҳои ибтидоии «Обисой» ва «Умед» -и деҳаи ба номи Сайф Раҳимзоди Афардӣ 2 ва 3-и Ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Далер ҳарф зада, қайд кард, ки  ҳамаи мо як нуктаро ҳамеша  дар хотир дошта бошем, ки  узви ҲХДТ   будан ҳам ифтихору шараф  ва ҳам масъулияти  бузург  дар назди халқу Ватан  ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди  Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мебошад. Ёдовар мешавем, ки одобномаи корманди ҳизб бо дастури Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таҳия гардида, кормадони ҲХДТ, сохторҳои он уҳдадоранд, ки ба одобномаи корманди ҳизб шинос шуда, талаботи онро риоя намоем.

Дар охир ба ҳамаи ҷонибдорони ҳизб маводҳои таблиғотӣ ва тақвимҳои кисагӣ бо акси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастрас карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg