БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁН РОҲНАМО ВА АМАЛИСОЗАНДАИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ҚУБОДИЁН.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ниҳолпарвар”-и  ноҳияи Қубодиён доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар суҳбат  намояндагони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия баромад намуда,  қайд кард, ки дар суннати ниёгони мо аз рӯзи таваллуд ба тарбия ва таълими кӯдак аҳамияти хосса медоданд ва ин анъана  устувор то имрӯз идома дорад.

Бо фарорасии таътили тобистона масъулияти волидон дар тарбияи фарзанд бештар мешавад. Чунки барои кӯдакон дар ин муддат бештар вақти холигӣ пайдо мегардад. Дар чунин рӯзҳо аксарияти фарзандон аз ҷониби волидон беназорат монда, боиси даст ба ҳар гуна корҳои ношоиста задани ноболиғон шуда, боиси ташвиши оила ва  ё худ маҳалла мегардад. Бинобар ин волидонро зарур аст, ки дар рафти таътили тобистона бо фарзандони худ бештар ба хондани китобҳои бадеӣ машғул шаванд.

Инчунин, дар идомаи вохӯрӣ дигар паҳлуҳои ҳадафҳои созандаи ҲХДТ аз ҷониби масъулини ҳизбӣ  мавриди баррасӣ қарор дода шуда,  сокинон  барои саҳм гузоштан дар рушду тараққиёти Ватан  раҳнамоӣ карда шуданд.   

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg