БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ МАРОМИ МОСТ!

ЁВОН. Дардоираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади роҳандозӣ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии “Гулистон”-и деҳаи Тағойободи болои Ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон  корҳои  ободонӣ  баргузор карда шуд.

Ҳамзамон, дар вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷрояии ҲХДТ дар ноҳия атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот,сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ба роҳи дуруст тарбия намудани фарзандон, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ карда шуд.

Дар охир сокинон андешарониҳои судмандро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, чанде аз онҳо иброз доштанд, мекӯшем  корҳои созандагиро бештар ба роҳ монем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg