БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Нурафкан” вохӯрӣ доир гардид. Дар ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал иштирок дошта, доир ба сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, зикр кард, ки ҳамеша дар ҳама баромадҳояшон таъкид медоранд, ки коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷомеа буда, хисороти калони иқтисодӣ ба давлату миллат мерасонад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон бо ин зуҳуроти зароровар муборизаи беамон эълон намудааст. Тамоми шаҳрвандонро лозим аст, нисбат ба ин масъалаи хатарзову ташвишовар бетараф набошанду бо мақомотҳои дахлдорӣ давлатӣ ҳамкорӣ намоянд.
Инчунин, дар идома ҳадафҳои Оинномавӣ ва барномавии ҲХДТ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, анҷоми амалҳои хайру савоб, дастгирии шахсони ниёзманди ҷомеа ибрози назар карда шуд.