БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОН ҲАМЕША ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ҚАРОР ДОРАНД

КӮЛОБ. Дар доираиСоли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии “Меҳрона” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ мулоқот доир карда шуд.

Зимни мулқот мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва раиси ташкилоти ибтидоии “Меҳрона” Иззатова Муҳаббат иштирок ва баромад намуданд.

Зимни мулоқот Мунаввараи Бозоралӣ қайд кард, ки сиёсати давлат дар самти дастгирии занон назаррас буда, аз солҳои аввали Истиқлолият мушкилоти беҳгардонии шароити занон ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ шакли муайяни сиёсати беҳгардонии шароити занонро дар ҳар давру замон ба таври хос ба назар гирифта, барои боз ҳам хубтару беҳтар гардонидани шароити зисту зиндагии занон ва фаъолияти онҳо дар тамоми самтҳо талош меварзад.

Дар фарҷом таъкид шуд, ки занону модаронро мебояд фарзандон дуруст ва дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, ифтихор доштан аз миллату фарҳанги хеш тарбия намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg