Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо сокинони деҳаи Кунгараи Ҷамоати деҳоти Лангардара хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир намуданд.
Дар чорабинӣ масъулин доир ба дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ ва дастовардҳои 27 соли соҳибистиқлолии кишвар андешаронї намуда, афзуданд, ки Ватани маҳбубамон Тоҷикистон рӯз аз рӯз, сол то сол рӯ ба рушд ниҳода, ба биҳишти рӯи замин табдил ёфта истодааст. Ин ҳам бошад бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва ҳар яки мо шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ба қадри меҳнатҳои Роҳбари давлат расида, ҷавобан ба ин ғамхориҳои бевосита барои боз ҳам ободтару зеботар шудани Ватанам заҳмату талош варзем, Ватани маҳбубамонро дар қатори дигар давлатҳои пешрафтаи дунё муаррифӣ созем.
Дар охир ҳамагон аз суханрониҳои пурмуҳтаво ғизои маънавӣ гирифта, байни сокинону кормандони ҳизбӣ суолу муколамаҳо сурат гирифт.