МӮЪМИНОБОД.Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Ғарабдара»-и ҷамоати деҳоти Балхобӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар суҳбат мавсуф оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ ва моҳияти Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ намуд.
Вобаста ба татбиқи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» сохтмони синфхонаи иловагӣ оғоз ёфта, дар он сокинон бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми кишвар саҳм гузошта истодаанд.