БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАМБУРӮҒҲОИ БАЪДИ ҲАВОИ БОРОНӢ ДИГАРБОРА САР БАРОВАРДАНД

ВОКУНИШ. Бар асоси хабари мабнӣ аз 3 то 5 июни соли ҷорӣ дар калонтарин шаҳрҳои Аврупо, аз қабили Варшава, Бон ва Вена  «пакети  фаъолони  сиёсӣ» ва мухолифони давлат доир гардида, хостгори озодии «зиндониёни сиёсӣ» ва «таҳқиқи воқеӣ»-и ҳодисаҳои зиндони шаҳри Ваҳдат гардиданд.

Кадом як асолатбохтаи дигар ба мисли замбурӯғи баъди ҳавои боронӣ бо номи Вайсиддин Одинаев бо 10-15 нафар тими мунтахабаш дар як гӯшаи шаҳре дар Аврупо ҳайё-ҳӯй  намуда, бозии  хурд  сохташудаи худу ҳампаймонҳояшро  тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар доираи марзи фарохтар нишон додан мехоҳанд. Эҳсос мешавад, ки «пакети фаъолони сиёсӣ» дар гулгашту кӯчаҳои шаҳрҳои Аврупо гурусна  мондаанд. Ҳар вақте,  ки ин тоифа афрод гурусна монанд, монанди саге дар ҳасрати устухон даст ба тазоҳуроте мезананд ва чун ишкамашон сер шуд муддате  хомӯширо ихтиёр мекунанд.

Аслан афкори созанда  ҷомеаи солим месозад. Дар тӯли чанд соли охир ин тӯдаи дузду авбош чандин маротиба ба Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ва Комиссияи Аврупо муроҷиати сохтаву бофта карданд, вале натиҷа ҳамон аст, ки худ радди маъракаю сиёсати пешгирифтаи  давлат ва Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша муваффақ аст.

Мусаллам аст, ки номуваффақии мухолифону «пакети сиёсӣ» ин аз аққалият будани онҳост. Аксари мардуми Тоҷикистон  рӯи сиёҳи намакобхӯрдаи галаи дузду авбоши хиёнаткорро мешиносанд ва 10-15 нафар асолатбохтаи гурусна дар хориҷ аз кишвар далели иродаи сиёсии аксарияти мардум нест.

Фаъолияти ин афрод ба гунаи замбурӯғҳои баъди боронист, ки дар шӯълаи офтоб аз худ ба таври лаҳзавӣ тобиш медиҳаду баъди якчанд вақт нест мегардад. Ба таъбири дигар онҳоро ё кирм аз байн мебарад, ё  зери пойи  ягон ҳайвони ёбоӣ нест мешаванд.

Алиҷон  Асақолов,  муовини раиси Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg