ВОКУНИШ. Аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба яке аз мушкилоти ҷиддиву тақдирсоз- таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992-1997 мебошад. Маҳз фирефта шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ боис гардид, ки ба ҳисоби расмӣ 160 000 сокини кишвар ҳалок шуда, ҳазорҳо нафар кӯдакон ятим гаштанд, ҳазорҳо нафари дигар аз гуруснагӣ ва истеъмоли ҳар гуна ғизоҳои носолим ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар сокини осоишта гуреза шуда, қисме дар Афғонистон ба доми гурӯҳҳои ифротӣ афтода, нобуд гардидаанд. Бо вуҷуди ҳамин гуна таҷрибаҳои талхи ҳаётӣ ҳоло ҳам бадхоҳони миллат дини мардумро бар зидди мардум истифода бурдан мехоҳанд. Ба ин васила мехоҳанд ҷавононро ба доми найрангу фиреб андохта, дар дили онҳо кинаву адоватро пайдо намоянд. Дар тақвияти гуфтаҳои боло бояд қайд намоем, ки дар масоили мубориза бо терроризм, экстремизм ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бетараф набуда, пайваста дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа корҳои таблиғотиву ташвиқотиро бештар ба роҳ нмонем. Мо вакилони мардумӣ бо мақсади ба омма расонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои таблиғотию ташвиқотиро зиёд намуда, дар сафарбар кардани мардум ба корҳои ободонию созандагӣ ва эмин нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ масъулияти шаҳрвандӣ дошта бошем.Ҷиҳати амалӣ намудани масъалаҳои дар боло зикршуда ҳамчун соҳибватанони асил ва содиқ ба Пешвои миллат талош бояд варзем, то он ҳама масъулияте, ки дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба мо бовар кардаанд, сарбаландона иҷро намуда, бар зидди гурӯҳҳои ифротӣ ва хоинони миллат муборизаи беамон барем, пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро вазифаи шаҳрвандии худ дониста, баҳри таъмини сулҳу субот, оромии ҷомеа ва таъмини зиндагии шоистаи мардум кору фаъолият намоем.
Марворӣ Муродова, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мӯъминобод