БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТ - ИДИ ЯКДИЛИЮ ҲАМБАСТАГИИ МОСТ!

АНДЕША. Дар таърихи ҳар халқу миллатҳо санаҳои сарнавиштсозе ҳастанд, ки аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, бо гузашти солҳо нақши таърихии онҳо бештару фузунтар мегардад.

Бисту ду сол қабл аз ин 27-июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ин ҳуҷҷат ифодагари пойдории сулҳу оромӣ ва ваҳдату якдилӣ дар кишвар гардид. Маҳз бо кӯшишу талош  ва ҷонфидоиҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба ин қуллаи мурод расидем ва 27-июн ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид.

 Сулҳу ваҳдат ва оштии миллӣ- зери ин ибораҳо маънии зиёде нуҳуфтааст ва ин маъниҳо ҳаёти хушу осудаи моро ифода намуда,  ба мо бахту саодат ато менамоянд. Нафаси хуши як лаҳзаи дунёи орому осуда чи қадар гуворост. Вақте ба чеҳраҳои шукуфони ҳамватанони азиз менигарам аз завқ меболам. Шукри ин зиндагии хурраму гуворо мекунам. Шукри он ки сулҳу дӯстӣ ва оромӣ дар Ватани азизу муқаддасам ҳукмфармост. Аҷаб дунёи зебо ва шукуфост ин сулҳу оромӣ. Имрӯзҳо мо дар арафаи ҷашни 22-юмин солгарди Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз ҷашнҳои бузург ва муқаддаси миллати тоҷик, рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ қарор дорем, ки он ҳамасола  бо шукуҳу шаҳомати тоза ҷашн гирифта мешавад.

Ваҳдат - мафҳуми муқаддас миёни мафҳумҳои барои мо пурарзиш, чун сулҳу амният, маърифату фарҳанг, ватандориву ватандӯстӣ, андешаву шуур ва ҳуввияти миллӣ ҷойи махсусро дорост. Зеро Ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин худогоҳиву худшиносӣ баҳри миллати соҳибмаърифати мо ба ҳисоб меравад.

Ҳамин Ваҳдату оштии миллӣ буд, ки кишвари тозаистиқлоли моро аз вартаи фаноӣ наҷот дод. Маҳз Ваҳдати миллӣ ба сифати як шакли зуҳури андешаҳои миллӣ дар пойдории халқу кишвари мо нақши калон бозид. Ҳамин андешаҳои миллӣ, миллати моро аз имтиҳони таърих сарбаландона раҳоӣ бахшида, ба соҳили умеду орзуҳо сарбаландона расонид.

Бояд хотирнишон кард, ки ақлу заковати азалӣ, ваҳдатпарастиву бахшиданҳо ва ниҳоят ба дарки асосии воқеъият расидан моро аз вартаи ҷудоӣ раҳо намуд ва ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамун сохту дар кишвари мо Ваҳдату ҳамдилиро пойдор гардонд.

Расидан ба Ваҳдати миллӣ боиси он гардид, ки миллат ба фатҳи қуллаҳои нав ба нав дар ҳамаи соҳаҳо муваффақ гардад.  

Бо итминони комил метавон гуфт, ки имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистонро кулли аҳли ҷомеа новобаста ба тамоюли сиёсӣ, эътиқод ва андеша ҳамчун санади тақдирсози миллат пазируфтанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон рӯзи Ваҳдати миллиро ҳамчун сарчашмаи сулҳу субот, ягонагию якпорчагӣ, иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ ва ифтихори миллӣ пазируфта, муқовимати сиёсиро бо ризоияти таҳаммул ба анҷом расонида, мисоли камназири ҳалли ҷанги шаҳрвандиро ба ҷаҳониён нишод дод.

Қадамҳои неку устуворона, сиёсати пайгиронаву хирадмандона, кӯшишу талошҳои беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро ба қуллаҳои умед ва пирӯзӣ оварда расонид.

Дар давраи пойдории сулҳу оромӣ дар кишвар, мардуми шарифи тоҷик тавонист, ки бо меҳнати аҳлона, бо корҳои созандагию бунёдкории худ ба пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гардад.

Вазифаи муқаддаси мо, аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин давраҳои ҳассоси таърихи аз он иборат аст,ки насли ҷавони имрӯзаро дар руҳияи баланди ватандустию хештаншиноси тарбия намуда,  сулҳу ваҳдат, ягонагӣ ва якпорчагии Ватани азизамонро чун гаҳвараки чашм ҳифз намоем ва рушди босуръати иқтисодиётро таъмин созем.

Бо ин ниятҳои нек,  ҳамаи аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ, дар симои онҳо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азизро бо фарорасии 22-юмин солгарди  Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуда, ба ҳамагон сиҳатмандӣ, сарбаландӣ, хонаободӣ, комёбию муваффақият ва рӯзгори неку осуда орзу менамоям.

 

Сафарбек Розиқов, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg