КӮЛОБ. Дар доираи Соли баландбардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Фарҳанги шаҳр” дар мавзӯъи “Нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ҳамчун зуҳуроти хатарзо ба амнияти миллӣ ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон” мулоқот доир карда шуд.
Зимни мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва баромад намуданд.
Нахуст, дар мулоқот ҳозирин баромад намуда, гуфтанд, ки муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар баробари терроризм ва экстремизм яке аз сарчашмаҳои таҳдид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бехатарии давлатҳо ба ҳисоб меравад. Боиси таассуф аст, ки мушкилоти муомилоти ғайриқонунии маводи нашъовар ҳамчун яке аз хатарҳои ҷиддӣ барои инсоният дар асри 21 боқӣ мемонад ва ба муътадилии иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии давлатҳову минтақаҳои алоҳида таҳдид менамояд. Миллионҳо нафар бо сабаби истеъмол намудани маводи нашъаовар азият мекашанд ва ҳазорҳо ҷавон ҷони худро бохтаанд.
Вохӯрӣ бо саволу ҷавобҳои мушаххас миёни иштирокдорон ва масъулини ҳизбӣ ба охир расид.