БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РАСИДАН БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ КОМИЛИ ЭНЕРГЕТИКӢ ҲАМЧУН ҲАДАФИ МУҲИММИ СТРАТЕГӢ АСТ

НОРАК. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Расидан ба Истиқлолияти комили энергетикӣ ҳамчун ҳадафи муҳимми стратегӣ пайваста дар мадди назари Пешвои миллат қарор дошта, тавре дар Паём зикр гардид, дар 10 соли охир иқтидори истеҳсоли низоми энергетикии кишвар дар ҳаҷми 120 мегават зиёд карда шуд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат сохта ба истифода дода шуданд.

Мебояд ёдовар шуд, ки сохторҳои ҳизбӣ ва аҳли ҷомеаро зарур аст дар ин росто саҳми арзанда гузошта, дар самти баланд бардоштани маърифати ҷомеа, вобаста ба оқилона ва сарфаву сарриштакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва саривақт супоридани ҳаққи хизмати он аз роҳи бурдани тарғиботи фаъол саҳм гузоранд.

ташкилоти ибтидоии “Тутқавул”-и маҳаллаи Тутқавули Љамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак дар қисмати амалии аксия  кӯчаҳои Айнӣ ва Чашмаи маҳаллро бо чароғон намуда, симчубҳоро аз таъмир бароварданд. Инчунин,  дар ташкилоти ибтидоии номбурда хониши сиёсӣ  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкҳо  гузаронида шуда аз ҷониби масъулини ҳизбӣ баромадҳо карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg