БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕҲТАРИН ХАЙР ДАСТИ ЯТИМОНУ ДАРМОНДАГОНРО ГИРИФТАН АСТ!

ҲАМАДОНӢ.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир  Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ба 5 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд ва ба 2 нафар занони яккаву танҳо маводи хӯрока ва кӯмаки  молиявӣ  расонид.

Ҳангоми  аёдати  шахсони эҳтиёҷманд  раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода ёдовар шуд, ки имрӯз шумо зери ғамхориҳои  Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта,  маҳз сиёсати сулҳпарваронаву ятимпарваронаи Пешвои миллат аст, ки  имрӯзҳо  нисбати ҳар як нафари этиёҷманд  диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дар навбати худ занону  кӯдакон ба Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ ва  кӯмакҳои доимиашон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg