
А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Мирзо Турсунзода»-и деҳаи ба номи Мирзо Турсунзодаи ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Муҳаммадодву Ҳалимов дар ҷамъомада иштирок дошта, атрофи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешаронӣ карда, иштирокдорон, ки бештари онҳо занону бонувон буданд, барои гирифтани пеши роҳи исрофкориву зиёдаравӣ ва дар роҳи ватандӯстӣ тарбия кардани фарзандон, ки тарбияи насли наврасу ҷавон масъулияти падару модар аст, раҳнамоӣ намуд.