БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ – РИСОЛАТИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии  “Маркази мубориза зидди ВМНО дар минтақаи Кӯлоб” вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер ва раиси ташкилоти ибтидоии мазкур  Давлатов Акрам иштирок ва суханронӣ намуданд.

Файзуллоев Алишер аз оқибатҳои ногувори падидаҳои номатлуби ҷомеа, амсоли терроризму экстремизм ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суханронӣ намуд.

Инчунин, дар идомаи суҳбат мавсуф қайд дошт, ки тамоми мақомоти давлатӣ зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳамкорӣ барои пешгирӣ намудани терроризму экстремизм фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, барои таҳкими суҳлу субот, истиқлолияти Ватани азизамон ва оромиву ободии кишвар саҳм гузорем. Зеро ин масъулияти азими таърихӣ рисолати шаҳрвандии ҳар яки мост.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg