БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ ҲИЗБИЁН ПИСАНДИ СОКИНОН ГАРДИД

ЁВОН. Дар доираи Соли баландбардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Чанде қабл дар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Якатут”-и деҳаи Якатути Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  вохӯрӣ  баргузор карда шуд.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулини ҳизбӣ  атрофи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, аз ҷумла  эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот,сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», истиқболи сазовор аз ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ба роҳи дуруст тарбия намудани фарзандон, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва ва дигар масъалаҳои рӯзмарра  андешаронӣ карда шуд.

Дар охир суҳбати пурмуҳтаво писанди сокинон гардида,   чанде аз   онҳо зикр карданд, ки чунин суҳбату вохӯриҳои судманд бештар ба роҳ монда шаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg