БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҚДИМИ КИТОБ ХАЙРИ ҶОРИЯ ВА ОМИЛИ БАЛАНД ГАРДИДАНИ САТҲИ ДОНИШУ МАЪРИФАТИ ҶОМЕА МЕБОШАД

ФАРХОР. Дар доираи Соли баландбардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва татбиқи қисмати амалии Аксияи  ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии «Арча»-и Ҷамоати деҳоти Деҳқонариқи ноҳияи Фархор  мулоқоти судманд анҷом дода шуд.

Дар мулоқот  қайд карда шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, масъулияти бузурги ташаккулдиҳии маънавиёти ҷомеа ва рушди давлатдории миллиро ба душ дорад.

Дар ин раванд фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ-ро зарур аст, ки бо масъулияти баланди ватансозӣ ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти ҷомеа ва таъмини фазои солими иттилоотӣ пайваста бо мардум бошанду нерӯи созандаро дар замири мардум бедор созанд, афкори сиёсии ҷомеаро шакл дода, миллати офаранда бисозанд, зеро ки тақозои замон чунин мебошад. Бояд ҳар як сокини мамлакат дарк намояд, ки давлатдорӣ кардан - ин мубориза кардан аст.

Сипас,  байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбї оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсї суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg