ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Таҳти ин унвон дар маҳаллаи Зарбдори ҷамоати деҳоти «Намуна»-и ноҳияи Панҷ бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия мулоқот роҳандозӣ гардид.
Нахуст Фазизода Каримҷон – раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб оид ба иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ намуда, қайд намуд, ки қабули ин ду санади муҳим айни муддао буда, яке ба зиндагии мардум сабукӣ оварда, расму оинҳои халқӣ ва маросимҳои диниро ба танзим дароварда, дигаре барои тарбияи дурусти фарзандон дар рўҳияи ватандўстию хештаншинсӣ ва бесаробон намондани волидон мусоидат менамояд.
Раиси ташкилоти ибтидоӣ Яқубов Мурод дар идома баромад намуда, иброз дошт, ки бо қувваи саховатмандони деҳа бо роҳи дӯруст радк кардани қонунҳои миллӣ 200м роҳҳои маҳалла сангфарш карда шуд.