БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ ҶАЛБИ СОКИНОН БА КОРҲОИ БУНЁДКОРИСТ!

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилотҳои ибтидоии ба номи «Мирзо Турсунзода» ва  «Гулистон»-и ноҳия  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ гузаронида шуд.

Масъулини ҳизбӣ дар назди ҷамъомадагон вобаста ба сиёсати хирадмандонаву ободкоронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ  андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро  барои дар сатҳи баланд  истиқбол гирифтани ҷашни пурифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳидоят карданд.

Баъдан дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони  халқи ноҳия Назаров Фазлиддин  ҷӯйборҳои  обгузари деҳаҳои  мазкур аз лойқаву партовҳо тоза карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg