
ДАНҒАРА.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Исмат Шарифов”-и деҳаи Дурахшон-2-и ноҳияи Данғара оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад Каримов Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара иштирок намуда, оид ба нуктаҳои муҳими Паёми навбатӣ “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ҷавононро дар роҳи хештаншиносӣ тарбия намудан, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию тундгаро, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, зебогардонӣ ва созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ибрози андеша намуд.
Дар охир вохӯрӣ ба иштирокдорон писанд омада, ҷонибдории хешро аз ҳадафҳои бунёдкоронаи ҲХДТ баён карданд.