ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Гулсимо”-и ҷамоати деҳоти ба номи
Исмат Шарифов оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ доир ба Паёми навбатӣ, хавфу хатари терроризм ва роҳҳои пешгирии он, омӯзиши ҳунар ва илмҳои замони муосир, масъулияти баланди шаҳрвандӣ, сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ карда, ҳамагонро ба корҳои ободонӣ даъват намуданд.
Дар охир ҷамъомадагон суханрониҳои судмандро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, иброз доштанд, ки дар амалӣ гаштани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ саҳми арзанда хоҳем гузошт.