ВОКУНИШ. Алҳол, чанд террористу экстремисти ҲНИ, ки пою қадами нопокашон аз Тоҷикистон канда шудаасту дар кишварҳои бегона мисли сагҳои дайду муттаҳамона дум наканда гаштанду дар сар ҳавои Тоҷикистонро аз сари нав ба ҷанг кашиданианд, ба ҳама маълум аст. Мардуми кишвар ҳам аз ҳама ҳадафҳои иблисонаи онҳо огоҳанд.
Дар саҳифаҳои интернетӣ хондам, ки онҳо аз сари нав ҳадафҳои нопокашонро роҳандозӣ кардан мехоҳанд. Аз ин лиҳоз мисли ҳамон ҳайвонҳои достони « Баҳористон»-и Сайидои Насафӣ ба ҳам муросо карданианд. Барои ин аз ҳама роҳу воситҳои гумроҳкунанда истифода мебаранд.
Кабирӣ аз ақл бегонашуда гуфтааст, ки мо нияти дар Тоҷикистон инқилоб карданием. «Барои ин бо мардум бояд кор кард». Кас ҳайрон мемонад, ки ин саркардаи террористону ифротгароёни дар Тоҷикистон бо кадом халқ кор мекардааст? !
Ҳол он ки ин ҷалаби сиёси дигар бо халқи тоҷик ҳеҷ хел иртиботе надорад. Дигар ин ки халқи тоҷик имрӯз сиёҳро аз сафед хуб фарқ мекунанд. Онҳо осудаҳолона зиндагӣ доранд ва дар якҷоягӣ бо сарвари азизашон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро ба зеботарин кишвари олам табдил дода истодаанд.
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳама медонанд, ки Кабирию вай баринҳо кӣ ҳастанд. Аз чунин зотҳои палид, ки кишварро ба хуну хок кашида буданд, ҳоло бисёрашон аз пушаймонӣ дигар чора наёфта, ба Тоҷикистон бо ҳазорон тавбаю пушаймонӣ баргаштанд.
Ҳатто Президент онҳоро бо тамоми аъмоли бадашон бахшиш карданд. Лекин чи мегӯед, ки намакзадаю кӯрдил ва бешарафу беномус мисли Кабирию Шарофиддини оқиватан баринҳо ҳоло ҳам ҳастанду дар сар бо нақшаҳои ҳаромашон дар Тоҷикистони осудаю тинҷ мардумро ба ҷанг кашиданианд.
Ҷавонони азиз! Нашавад, ки аз ташвиқоти иблисонаи ин намакзадаҳои миллат фирефта шавед, дар он сурат бароятон пушаймонӣ суде надорад. Аз хотир набароред, ки мо тоҷикон як Ватан дорем, ки номаш Тоҷикистони ҷавон аст.
Абдулҳақзода Бахтиёр, мутахассиси шуъбаи ташкилии КИ ҲХТД дар ноҳияи Фархор