БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАНРО ЧУН ГАВҲАРАКИ ЧАШМ НИГОҲ ДОРЕД!

АНДЕША.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ дурахшонтарин  шахсиятест, ки рисолаи муқаддаси Ватандӯстиро дар фитраташ  ҷой дода  пайваста онро тақвият дода истодааст. Нахустин тоҷике аст, ки дар маснади олии роҳбарӣ кишвари моро дар арсаи ҷаҳон муаррифи дод ин Эмомалӣ Раҳмон аст. Ин шахсият ҷаҳони навин барои мо тоҷикон  эҷод кард. Ҷон ба каф ниҳода мардуми тоҷикро сарҷамъ намуд. Дар соҳаи сиёсат ба демократикунонӣ пешниҳодот дод. Ба халқаш озодӣ туҳфа карда,   Тоҷикистони соҳибистиқлол  сохта ба ҷаҳон муаррифӣ намуд. Борҳо таъкид дорад, ки  зиёдаравӣ  накунед, Ватанро чун гавҳараки чашм нигоҳ доред. Зеро  ки ин меҳани зебо  бо заҳматҳои зиёди фарзандону мардони фарзонаи тоҷик  бо ҷонфидоиҳои  ҷавонмардони баору номус бино гардид.  Ватан ва худро дар хатар нагузоред.

      Вале имрӯз боиси таасуф аст, ки боз зиёдаравӣ дар баъзе шахсон  мушоҳида гардида, ҷони худ ва бародарони худро ҳеҷ медонанд. Ёдрас мешавем аз ҳодисае, ки дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат рух дод. Ҳатто дар маҳбас, ки  бо гуноҳи  кардаашон маҳбуси шудаанд, боз террори дигаре ташкил намуданд.

      Мегуянд, ки «муъмин бародари муъмин аст»- пас чаро дар моҳи мубораки рамазон одамро ба қатл мерасонанд? Ин ашхос фаромуш кардаанд, ки сиёсати давлат, таъмини амнияти давлатдори, кафолати ҳуқуқу озодиҳои  инсон  ва  шаҳрванд, таъмини амнияти ҷамъиятӣ, демократикунонии ҷомеъа хулоса барномаи давлатдорӣ мустаҳкам ва дуруст ба роҳ монда шудааст.

     Ғамхории давлат ва Сарвари ғамхори халқро бубинед, ки  ҳар сол 9-сентябр Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон фармони авфи маҳбусонро  бароварда, онҳоро озод менамояд. Пас бо ин қадар ғамхорӣ, ки  ҷавобаш бераҳмист, дар ҳақи чунин бераҳмоне, ки дар ҷони худ раҳм намекунанд, раҳм набояд кард.

 

Ойҷонбӣ Азизова,  рӯзноманигор аз ноҳияи Муъминобод

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg