БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУТТАҲИДСОЗИВУ САФАРБАРКУНИИ МАРДУМ БАҲРИ ОБОДИИ ВАТАН АЗ ҲАДАФҲОИ АСЛИИ ҲХДТ АСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки масъулияти олии ватансозиро ба душ дорад, дар раванди корҳои тарғиботӣ тарбияи мафкураи ҷомеаро аз самтҳои афзалиятноки худ мешуморад.

Дар ин зимина дар ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати Кӯлоб” оид ба шаҳру тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот баргузор шуд.

Зимни мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ва узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, роҳбари ташкилоти ибтидоӣ Қурбонов Файзалӣ иштирок ва баромад намуданд.

Нахуст, Орзу Ҳамидиён зикр кард, ки ҳизби мо нерӯи созанда ва қудрати бунёдкоронаи худро барои пешрафти ҷомеа, татбиқи ормонҳои демократӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум сафарбар менамояд. Инчунин, гуфта шуд, ки асоси фаъолияти ҳизбро ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии он ташкил медиҳад. Дар ин росто ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро зарур аст дар раванди корҳои тарғиботӣ фаъолияти худро тақвият бахшида, дар ҳалли мушкилоти ҷомеа иқдом намоянд.

Дар фарҷом як қатор фаъолон бо Ифтихорномаҳои ҳизбӣ  сарфароз гардонида шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg