КУШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади фаҳмонида додани мақсаду мароми ҲХДТ бо сокинони деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён вохӯрӣ доир намуданд.
Масъулин зимни суҳбат оид ба нақшаву ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, муқовимат бо коррупсия, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028”, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суханронӣ намуданд.
Баъдан аз ҷониби иштирокдорон суханрониҳои судманд якдилона бо хушнудӣ пазируфта шуданд.