ФАРХОР. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо иқдоми неки раиси ташкилоти ибтидоии «Ватандор»-и деҳаи Некманзари Ҷамоати деҳоти Ғайрати ноҳияи Фархор Рабиев Каримхӯҷа бо дастгирӣ аз сиёсатӣ хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ростои “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гаштани солҳои 2019 - 2021 ва татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» як қатор корҳои ободонӣ ба сомон расонида, роҳҳои дохилии деҳа ба масофаи 500 метр сангфарш карда шуд.