КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ёрии таъҷилӣ” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ маҷлис баргузор гардид.
Нахуст, дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ва роҳбари ташкилоти ибтидоии “Ёрии таъҷилӣ” Рустамова Латофат иштирок ва баромад намуданд.
Орзу Ҳамидиён зимни суханронӣ гуфт, ки дар раванди таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм нигаҳдории осудагиву суботи сиёсӣ, ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистони маҳбуб аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ маҳсуб ёфта, Кумитаи иҷроияи дар шаҳри Кӯлоб доир ба ин масоил бо мақсади огоҳонидан пайваста бо мардум нишасту мулоқотҳо доир менамояд.
Дар навбати худ Рустамова Латофат бо мақсади фаҳмондадиҳии оқибатҳои ногувори падидаҳои номатлуби ҷомеа, амсоли терроризму экстремизм ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бевосита Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳо ва суханрониҳои хеш таъкиду ҳушдор месозанд. Аз таъкидҳои Сарвари давлат бар меояд, ки стратегияи мубориза бо терроризм ва экстремизм кори на танҳо ҳукумат ва сохторҳои он, балки тамоми ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар охир ба аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ботантана супорида шуд.