ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳайти нав»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар рафти баргузории чорабинӣ Муҳамадҷон Зайдуллоев корманди масъули ҳизбӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал суханрони намуда, иброз дошт, ки аз рӯи таҳлили маълумотҳо имрӯзҳо масъалаи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмуъ техналогияи навин ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз мубадал гаштааст. Зеро василаҳои техникии муосир дар баробари фоидаи рӯзафзун ва осон намудани алоқаи байниҳамдигарии инсонҳо, ҳамзамон ба манбаи сохтакориву авомфиребӣ ва тафриқаангезиву воситаи паҳншавии ақидаҳои иртиҷоӣ табдил ёфтааст.