А.ҶОМӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо мақсади тарғиби ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «К. Эргашев» доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ҳамоиши ҳизбӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ масъулин атрофи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карда,иброз доштанд, ки Паёми навбатӣ раҳнамоест ба зиндагии босаодати сокинон, ки имрӯз ҳамагон дар рушду нумуи кишвар саҳм гузошта истодаанд.
Вобаста ба Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар дохили муассисаи томактабии №5-и ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ як нуқтаи оби нӯшокӣ барои тарбиятгирандагони муассисаи мазкур сохта ба истифода доданд.