БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН БА КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА АМАЛҲОИ ХАЙРУ САХО ДАЪВАТ ГАРДИДАНД

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд  бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади тарғиби ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар деҳаи Яхшори Ҷамоати деҳоти Лангардара вохӯрӣ доир карда шуд.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  иштирок дошта, дар бораи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ  андешаронӣ карданд.

Баъдан дар  охир аз ҷамъомадагон даъват ба амал оварда шуд, ки  дар ростои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар  партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” корҳои ободониву созандагӣ ва амалҳои хайру сахоро бештар ба роҳ монда, дар  рушду тараққиёти кишвар саҳми арзанда гузоранд.

Тавсияҳои судманд аз ҷониби сокинон якдилона дастгирӣ ёфта, чанде  аз онҳо иброз доштанд, ки  ҷашнҳои дарпеистодаро бо дастовардҳои баланд истиқбол хоҳем кард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg