ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани мсъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии Чоршанбе 1-3-и ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ масъулини ҳизбӣ доир ба сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара, дастуру супоришҳои мақомотиболоии ҲХДТ ва ҳадафҳои созандаи он, ки барои пойдории сулҳу суботи кишвар ва рӯзгори босаодати сокинон равона карда шудааст, андешаронӣ намуда, онҳоро барои боз ҳам ободу зебо гардидани Тоҷикистони азизамон ҳидоят намуданд.
Дар охири ҳамоиш саволу ҷавобҳо сурат гирифта, ҳамагон ба саволу дархостҳои хеш посухҳои мушаххас гирифтанд.