ТЕМУРМАЛИК. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи Якатути ноҳияи Темурмалик оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва роҳҳои татбиқи Аксияи ҳизбии ”Якҷоя ҳал мекунем!” ҳамоиши ҳизбӣ гузаронида шуд.
Дар рафти мулоқот нахуст суҳбат атрофи ба вуҷуд овардани мафкураи зиддикорупсионӣ дар миёни аҳолӣ, ҳамкории аҳолӣ бо мақомотҳои давлатӣ дар самти ошкор намудани ҷиноятҳои хусусияти иқтисодидошта, инчунин, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сурат гирифт.
Дар охир дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳи деҳа тахту ҳамвор карда шуд. Аз иқдоми неки ҳизбиён сокинони деҳот миннатдорӣ баён карда,даъват карданд, ки чунин корҳои ободонӣ бештар ба роҳ монда шавад.