ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии Пешкадам-2 мулоқот доир гардид.
Бо сухани ифтитоҳи Файзизода Каримҷон-раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия чорабиниро оғоз намуда, қайд кард, ки вақтҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ба тағйироти куллӣ, амиқ ва мураккаб рў ба рў шуда истодааст, ки ин ба Тоҷикистони мо низ бетаъсир намемонад. Бинобар ин аъзои ҳизб бояд дурандеш бошанд, аз душвориҳои мавҷуда наҳаросанд ва барои рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ боҷуръатона ҷидду ҷаҳд намоянд.
Имрўз ҳизб қувваи бузург дорад. Ин нерўи бузургу тавони онро дорад, ки бо ибрати шахсӣ ҷомеаро ба самти дурусти пешрафти иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ сафарбар созад.