ЛЕВАКАНТ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Обшорон» доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Масъулин зимни суҳбат иброз намуданд, ки Паёми навбатӣ воқеан ҳамчун равшаннамоест, ки ҳар як сокини кишварро ба меҳнати содиқона ва ба нерӯи бузургу арзанда раҳнамун месозад.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки сафарбар кардани сокинон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, истифодаи босамар, сарфаву сариштакории нерӯи барқ кормандони ҳизб дар байни аҳолӣ ва ғайра бо истифода аз мисолҳои ҳаётӣ тавсияҳои асосноку муфид доданд, ки ба иштирокчиён рӯҳияи баланди маънавӣ бахшид.
Инчунин, дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» аз ҷониби сокинон ба тозаю озода намудани гирду атрофи бино аз алафҳои бегона, тоза намудани ҷӯйборҳои обгузар машғул гардиданд.