ВОСЕЪ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ бо сокинони деҳаи Заркамари ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маӽмадалиев оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ Сафарова Ӽафиза раиси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽия атрофи дастуру споришҳои мақомоти болоии ҲХДТ фикру мулоҳизаронӣ карда, аз сокинон ҷиӽати саӽм гузоштан ба корӽои созандагиву ободонӣ, кӯмак расонидан ба шахсони ниёзманди ҷомеа дар арафаи иду ҷашнҳо раҳнамоӣ намуданд.
Инчунин, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо маблағгузории сокинон ва соҳибкори маҳаллӣ дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳҳои таъмирталаби деҳа асфалтпӯш карда шуд.