КӮЛОБ. Дардоираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи вилоятӣ” маҷлис баргузор гардид.
Дар кори маҷлис мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва котиби ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи вилоятӣ” Шамсов Саъдӣ иштирок ва баромад намуданд.
Бо ибрози андеша Мунаввараи Бозоралӣ ба сухан баромада, қайд кард, ки Пешвои миллат дар суханрониҳои худ пайваста аз хатарҳои терроризму экстремизм моро огоҳу ҳушдор месозад. Яъне аз гуфтаҳои Сарвари давлатамон ҳақиқатан мушоҳида мешавад, ки вазъият мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ин пеш аз ҳама ба тағйир додани суннату арзишҳои фарҳангии миллатҳо нигаронида шудааст. Таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ ҳар яки мо, бахусус ҷавононро ҳушдор медиҳад, ки тамоми нерӯи худро танҳо баҳри ҳифзу таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату ризоияти миллӣ равона созем.
Дар фарҷом ба аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ботантана супорида шуданд.